Сифати кор ва боварии мизоҷон мақсади устоҳои НТН “Темур” аст.

Дар нуқтаи таъмири техникии “Темур” ҳамаруза барои мизоҷон хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод менамоянд. Аз маҳорати касбӣ, сифати таъмир ва хизматрасонии устоҳои НТН “Темур” мизоҷон қаноатманданд.
Яке аз чунин устоҳое ки бештари ронандагон мешиносанд ва таъмири муҳаррики нақлиёти худро бовар мекунанд Абдуҳалим Мансуров аст.
Абдуҳалим чун устои таъмири муҳаррики нақлиёт собиқаи бештар аз 10 сола дошта давоми се сол аст,ки барои сари вақту хушсифат анҷом додани таъмири муҳаррикҳои нақлиётҳои гуногунтамға дар НТН “Темур фаъолият мебарад.
“Барои мо муҳим боварии мизоҷ ва қаноатмандӣ аз меҳнати мо аст. Мо кушиш мекунем ки ҳамеша ба боварии мизоҷони худ сазовор бошем”- зикр намуд Абдуҳалим Мансуров.
Бинобар ин ҳам имруз шумораи мизоҷонаш аз ҳисоби ронандагони ширкати “Файзи Расул” ва нақлиётҳои шахсию ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле зиёданд.
Ин навбат низ устои моҳир таъмири муҳаррики нақлиёти мизоҷи доимии худро ба охир расонд. Баъди озмоиш ва азназгузаронӣ Абдуҳалим боварӣ дорад муҳаррики таъмирнамудаи ӯ муҳлати зиёд хизмат мерасонад.