Гузориши ТВ: НТН “ТЕМУР”

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди НТН “ТЕМУР” аз соли 2005 инҷониб хизматрасонии фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ ва таъмири мошинҳоро дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондааст. Дар аввал, он дар шакли як корхонаи хусусӣ фаъолият мекард. Бо рушди коргоҳ ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ зарурияти тағир додани шакли ташкилию ҳуқуқии ширкат пайдо шуд. Дар тӯли фаъолияти худ ҶДММ НТН “ТЕМУР” бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва шарикони дигар дар соҳаи нигоҳдории воситаҳои нақлиёт ҳамкории зич дорад.